Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хабарнигори қазоқ дар касалхона


Хабарнигори мустақили қазоқ Рамазон Эсенгепов имрӯз дар як касалхонаи Алмаато боздошт шуд. Эсенгепов, ки сардабири ҳафтаномаи "Alma-Ata Info" мебошад, тибқи гузоришҳо, аз ҷониби гурӯҳи полиси мусаллаҳ ва ниқобпӯш боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон ин хабарро таъйид карда гуфтаанд, ки боздошти хабарнигор бо сабаби нашри як матлаби фошкунандаи асрори давлатӣ дар ҳафтаномаи Эсенгепов моҳи ноябри соли гузашта иттифоқ уфтодааст. Ҳамсари хабарнигор дар сӯҳбат бо бахши қазоқии радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш аз моҳи декабр ба ин сӯ бо дарди қалб дар шифохона ба сар мебурд. Гуфта мешавад, ки вай бо ҳадафи фирор аз бозпурсиҳои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар касалхона панаҳ бурдааст.
XS
SM
MD
LG