Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти барқи Тоҷикистон ба Тошканд рафтанд


Оҷонсии "Авасто" мегӯяд, ҳайате иборат аз мақомоти энерживу оби Тоҷикистон ба Тошканд барои идомаи музокираҳо барои азсаргирии интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон рафтааст. Мавзӯи асосии музокираҳо таъини таърихи дақиқи барқарории хати интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон мебошад. Рӯзи 1 январ Ӯзбакистон транзити нирӯи барқи Туркманистонро ба Тоҷикистон қатъ карда дар тавзеҳи ин амал гуфт, ки дар як қисмати хат (ЛЭП 512) ва дар мавзеи Қароқӯл корҳои таъмиру тармим ба роҳ монда шудааст. Тибқи созиши тарафҳо, Туркманистон муваззаф шудааст, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон 1,2 миллиард киловатт соат барқ интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG