Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти бозори мошинфурӯшии Амрико


Бозори мошинфурӯшии ИМА моҳи декабри соли 2008 бори дигар шикаст хӯрда, то ба нишондодҳои пасттар назар ба соли 1992 фаромад. Даромад аз фурӯши мошин дар моҳи гузашта барои нахустин бор дар сатҳи поинтар аз 50 % қарор гирифт. Дар садри феҳрасти ширкатҳои нобарори бозори мошинфурӯшии Амрико Chrysler (бо коҳиши 53-дарсада), Toyota, Honda, GM ва Ford (бо коҳиши 31-37-дарсада) қарор гирифтаанд. Куллан фурӯши мошин дар бозори дохилии Амрико моҳи декабр 36 % коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ дар ин моҳ 896,124 адад ба фурӯш рафтааст. Нишондодҳои сол ҳокӣ аз он аст, ки дар маҷмӯъ соҳаи мошинфурӯшӣ 18 % коҳиш ёфта дар ин муддат 13,2 миллион нафар соҳиби мошин шудаанд.
XS
SM
MD
LG