Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавсеаи амалиёти Исроил дар Ғазза


Нирӯҳои исроилӣ амалиёти низомии худро дар Навори Ғазза тавсеа дода, вориди як шаҳри ҷанубии ин минтақаи таҳти контроли Ҳамос шуданд. Шоҳидони фаластинӣ мегӯянд, ки нирӯҳои исроилӣ то субҳидам вориди шаҳри Хон Юнус шуда бо оташи ҷавобии ҷангиёни Ҳамос рӯбарӯ гардиданд. Инчунин дар давоми шаби гузашта дар канораҳои Ғазза даргириҳо идома карда, дар паи як ҳамлаи ҳавоии исроилиҳо дар як мактаби СММ се фаластинӣ кушта шуданд. Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки дар 11 рӯзи охир аз замони шурӯи амалиёти низомии Исроил алайҳи ҳамлаҳои мушакии ҷангиёни фаластинӣ 560 нафар ҷони худро аз даст додаанд. СММ мегӯянд, ки чоряки қурбониҳоро мардуми осоишта ташкил медиҳанд. Аз ҷониби Исроил то имрӯз 8 сарбоз ба ҳалокат расидаанд, се нафари онҳо дар натиҷаи як тасодуфе зери тонки исроилӣ мондаанд. Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ, ки бо як сафари сулҳҷӯёна дар минтақа қарор дорад, аз Сурия хостааст, ки дар мутақоидсозии Ҳамос барои созиши сулҳ мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG