Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шароити мардуми Ғазза ғайри қобили таҳаммул аст"


Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки Навори Ғазза дучори як бӯҳрони "комилан расида" шудааст. Як раҳбари калони ин созмон ҳушдор дод, ки шароити зисти мардуми осоиштаи Ғазза аслан ғайри қобили таҳаммул шудааст ва бо сабаби вусъатёбии амалиёти низомӣ, имкони ироаи кӯмакҳо ба қурбониҳои ин даргириҳо аз даст рафтааст. Як мақоми СММ гуфт, ки 25 дар сади беш аз 500 фаластинии дар ҷангҳои ахир ба ҳалокатрасидаро мардуми осоишта ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG