Пайвандҳои дастрасӣ

Конгреси нави Амрико ва бӯҳрони иқтисодӣ


Ҳайати нави Конгреси ИМА, ки қарор аст имрӯз ташкили ҷаласа кунад, бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии мунтахаб Барак Обама роҳи амали билофосиларо барои кӯмак ба иқтисодиёти ин кишвар баррасӣ хоҳад кард. Обама, ки бояд баъди ду ҳафта расман ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишинад, хостори мувофиқати аъзои Конгрес бо қабули бастаи кӯмакҳо дар ҳаҷми 775 миллиард доллар шудааст, ки тӯли ду соли дигар амиқрафти рукуди иқтисодиро боз хоҳад дошт. Рӯзи душанбе Обама гуфт, ки иқтисоди Амрико дар як ҳолати хеле мушкил қарор дорад ва вазъ боз ҳам бадтар мешавад. Нақшаи "ташвиқи кӯмак" ба иқтисоди Амрико дар назар мегирад, ки ҳаҷми молиёт ва масрафоти пулӣ ба барномаҳои корӣ коҳиш дода мешавад.
XS
SM
MD
LG