Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

681 тобут аз Русия дар соли 2008


Ҷасади сарбуридаи Салоҳиддин Азизови 20-сола дар остонаи соли нав аз Русия оварда шуд
Ҷасади сарбуридаи Салоҳиддин Азизови 20-сола дар остонаи соли нав аз Русия оварда шуд

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, сабаби марги 190 шаҳрванди тоҷик дар Русия ошкор нашудааст.

Интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ба ватан дар соли 2008 дар муқоиса бо соли пешин ду маротиба афзоиш пайдо кардааст. Соли гузашта тавассути нақлиёти ҳавоӣ 681 ҷасади шаҳрванд аз хориҷа, умдатан аз шаҳрҳои гуногуни Русия, ба кишвар мунтақил шудааст, ки аз ин миён 78 нафари онҳо кушта шудаанд.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд барои рӯшанӣ андохтан ба сарнавишти ҳар яке аз ин шаҳрвандон, ки дар Русия кушта мешавад, ба таври расмӣ ба ҳамтоёни руси худ дархост мефиристанд. Хабари интиқоли ҷасадҳои атбои тоҷик аз хориҷа ба ватан маъмулан тавассути додстонии нақлиёти Тоҷикистон эълом мешуд. Аммо ин навбат масъулони додситонии нақлиёт аз ироаи ҳар навъи маълумот дар ин замина худдорӣ карда, гуфтанд, танҳо додситонии кулли Тоҷикистон метавонад ин хабарро дар ихтиёри хабарнигорон қарор диҳад.

Абдусамӣ Додобоев, муъовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, ки дар соли гузашта ҷасади 681 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷа ба ватан мунтақил шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2007 аз хориҷа ҷасадҳои 365 нафар ба ватан интиқол ёфта буд. Оқои Додобоев афзуд, ки шаҳрвандони тоҷик умдатан дар шаҳрҳои Русия ва бо далоили мухталиф, аз ҷумла марги табиӣ, беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, куштори ҷабрӣ ва ғайра, фавт кардаанд.Аммо сабаби марги 190 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия рӯшан нашудааст.

Бар пояи маълумоти мақомоти додситонӣ, дар соли 2008 78 шаҳрванди тоҷик дар Русия кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2007 69 шаҳрванди тоҷик дар пайи марги ҷабрӣ ба ҳалокат расида буд. Гуфта шуд, бештари шаҳрвандони кушташудаи тоҷик дар Русия аз сӯи скинҳедҳо, гурӯҳҳои фашистони навбаромади русӣ ва дар пайи хушунатҳои байни худӣ ба қатл расдаанд.

Зимнан давлати Тоҷикистон дар як соли пеш барои интиқоли ҷасадҳои шаҳрвандон аз хориҷа дар буҷаи кишвар маблағ тахсис дода буд. Аммо дар як сафари ахири президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва дидору мулоқоташ бо муҳоҷирини тоҷик ба ширкатҳои ҳавоии кишвар дастур дод, ки интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирин ба таври ройгон сурат бигирад. Аммо бештари пайвандон ва наздикони афроди фавтида мегӯянд, ки барои интиқоли тобут аз хориҷа ба ватан аз ду то дуввуним ҳазор доллар харҷ мекунанд.

Аз сӯи дигар ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон на ба ҳама шаҳрҳои Русия равобити ҳавоӣ дорад. Ва ширкати ҳавоии Тоҷикистон дар ҳоле ҷасадҳои атбои тоҷик аз Русияро интиқол медиҳад, ки панҷоҳ дарсади ҳаққи он пардохта шавад. Дар сурати ғайр муҳоҷирони тоҷик маҷбур хоҳанд шуд, ки бо маблағҳои худ ҷасадҳои пайвандони дар ғурбат фавтидаро ба ватан оваранд. Онгуна, ки пайвандони Салоҳиддин Азизов, як шаҳрванди 20-солаи тоҷик, ки дар наздикии шаҳри Маскав аз сӯи гурӯҳҳои миллигарои рус ваҳшиёна кушта шуд, натавонистанд ҷасади ӯро бе пардохти маблағ ба зодгоҳаш оваранд. Аммо дар ин миён теъдоде аз шаҳрвадони тоҷик, ки дар Русия фавт мекунанд, ё ба иллати набуди маблағ ё бо далоили дигар дар хоки ин кишвар дафн карда мешаванд

Ин ҳам дар ҳолест, ки Абдусамӣ Додобоев, муъовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон, гуфт, ҷиҳати таҳқиқи куштори ҳар яке аз шаҳрвандони тоҷик дар Русия ба ҳамтоёни руси худ дархости расмӣ мефиристанд. Ва ҳамин гуна номаи расмӣ барои равшан кардани сабаб ва далоили қатли ваҳшиёнаи Салоҳиддин Азизов дар Русия ба мақомоти тафтишотии ин кишвар фиристода шудааст. Аммо то кунун аз Русия посух дарёфт накардаанд.


XS
SM
MD
LG