Пайвандҳои дастрасӣ

Филми афғоние роҷеъ ба таҷовузҳои гурӯҳӣ


Дар Афғонистон намоишномаи наве роҷеъ ба таҷовузҳои гурӯҳӣ, ки бозгӯкунандаи ин мушкили сартосарии кишвари ҷангзада аст, рӯи навор омад. Филмсози афғон Абдуррашид Азимӣ дар сӯҳбат бо радиои "Афғонистони Озод" гуфт, ки филми тахайюлӣ "Акси ёдгорӣ" ном дошта, роҷеъ ба мушкилоти ҷиноятҳои ҷинсӣ дар сартосари Афғонистон баҳс мекунад. Дар меҳвари ин қисса духтари ҷавони ҳиротӣ қарор дорад, ки қурбони чунин як ҷинояти гурӯҳии мардони маҳаллӣ шудааст. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон соли 2008 пешниҳод кард, ки муҷримони таҷовузҳои гурӯҳӣ ба ҳукми қатл маҳкум шаванд, вале ин тарҳи президент қабул нашуд.
XS
SM
MD
LG