Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари президенти Покистон ба Афғонистон


Сафорати Покистон дар Кобул мегӯяд, ки раиси ҷумҳурии Покистон Осиф Алии Зардорӣ имрӯз бояд бо қасди анҷоми сафари нахустини расмии худ ба Афғонистон вориди пойтахти ин кишвар шавад. Зардорӣ мебоист моҳи гузашта аз Кобул дидан мекард, вале бо далели номусоидии ҳаво сафари вай мутаваққиф шуд. Як сухангӯи сафорат гуфтааст, ки Зардорӣ ният дорад бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай роҳҳои хатми хушунатҳо ва мубориза бо тундгароиро дар марзи Покистону Афғонистон баррасӣ кунад. Дар гузашта Карзай борҳо Покистонро дар беамалӣ дар муқобили Толибон ва Ал-Қоида, ки замоне дар қаламрави Покистон сангар гирифта ҷангиёнашонро ба Афғонистон сафарбар мекарданд, муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG