Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Прага даъвоҳои газии Киеву Маскавро маҳкум кард


Иттиҳодияи Аврупо коҳиши интиқоли гази табиии Русияро ба Аврупо чун як амали ғайри қобили қабул маҳкум кард. Дар изҳороти Иттиҳодияи Аврупо аз Маскав тақозо мешавад, ки билофосила ҷараёни интиқоли газро аз сар гирифта барои ҳалли муносиби баҳси миёни Украинаву Русия, ки бар сари қарз ва қимати газ сар задааст, аз наздик музокираро ба роҳ монад. Александ Вондра, муовини нахуствазири Ҷумҳурии Чех, ки кишвараш раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, изҳороти мақомоти ин ниҳодро чунин қироат кард:

"Ин ғайри қобили қабул аст. Чехия, раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссиюни Аврупо билофосила аз сар гирифта шудани ҷараёни интиқоли газро талаб карда, аз ду ҷониб - Русия ва Украина тақозо мекунанд, ки ба хотири ҳалли бӯҳрони дуҷонибаи тиҷоратии худ сари мизи гуфтугӯ нишинанд".

Субҳи имрӯз чанд кишвари ҷанубушарқи Аврупо гузориш доданд, ки барои онҳо содироти газ хотима ёфта, дар давлатҳои Аврупои марказӣ ва ғарбӣ ҳаҷми газ то 30 % ва бештар аз он коҳиш ёфтааст. Ширкати воҳиди "Газпром"-и Русия имрӯз Украинаро дар он муттаҳам кард, ки худсарона аз чаҳор лӯлаи транзити газ ба Аврупо сетоашро қатъ кардааст. Даъвоҳои нави Маскаву Киев бар сари газ баъди 1 январ тавсеа ёфт. Русия бо баҳонаи ин ки Украина қарзи гази ин кишварро пардохт накарда бо нархномаи нави газ розӣ нест, содироти газро ба бозори дохилии Украина мутаваққиф кард.

XS
SM
MD
LG