Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархномаҳои нави газ муайян мешавад


Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба "Азия-плюс" гуфтааст, ки интизор меравад имрӯз тарруфаҳои нави гази табиӣ барои сокинони кишвар ва корхонаҳои давлативу тиҷоратӣ таҳия шавад. Нархномаи нави газ бо назардошти баланд шудани қимати гази табиии Ӯзбакистон муайян хоҳад шуд. Шурӯъ аз 1 январи соли ҷорӣ Ӯзбакистон қимати газро барои муштариёни хориҷиаш баланд кард. Баъди музокираҳои тӯлонӣ қарор шуд, ки Душанбе имсол гази Тошкандро на бо 300, балки бо қимати 240 доллари амрикоӣ харидорӣ кунад. Тоҷикистон ҳар сол аз Ӯзбакистон дар ҳудуди 600 миллион метри мукааб газ харидорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG