Пайвандҳои дастрасӣ

Худкушии 6 сарбоз дар Суғд соли гузашта


Додситони горнизони ҳарбии вилояти Суғд Қурбоналӣ Мирзоев мегӯяд, ки соли 2008 шаш сарбози қаторӣ дар ин минтақа даст ба худкушӣ задаанд. Оҷонсии "Азия-плюс" аз қавли Муҳаббатов меафзояд, ки аксари ин сарбозон оиладор буданд ва "мушкилоти хонаводаиву дарёфти хабарҳои бади оилавӣ сабаби қасди ҷони худ кардани сарбозон" шудааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар қисмҳои низомии Тоҷикистон мушкили вуҷуди муносиботи ғайриоинномавӣ ҳамоно зиёд ба мушоҳида мерасад, ки дар аксар ҳолатҳо боиси бо хушунату мушзӯрӣ рӯбарӯ шудани сарбозони нав мешавад.
XS
SM
MD
LG