Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ вазъи Ғаззаро изтиробангез хонд


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, "бӯҳрони башарии ба таври афзоянда изтиробангез" дар Навори Ғазза ҳукмфармо мешавад. Ҷон Ҳолмес – як масъули олирутбаи Созмони Милал дар умури кӯмакҳои башарӣ, ба хабарнигорон гуфт, ба эътиқоди ин созмон аз миёни 500 қурбонии ҷанг дар Навори Ғазза 25 дар сади онҳо мардуми осоишта будаанд ва вазъи хадамоти беҳдоштии Ғазза, ки аз ҳоли 2500 маҷрӯҳро муроқибат мекунад, хатарноктар мешавад. Ба гуфтаи вай, баъди оғози юриши Исроил ба зидди созмони Ҳамос дар Навори Ғазза, дар инҷо захираҳои оби пок, маводи ғизоӣ, нерӯ ва дорувориву дигар маводи зарурӣ камтару камтар мешавад.
XS
SM
MD
LG