Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби Обама ба мақоми раиси СIA


Бино ба гузоришҳо, Барак Обама – раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико, Леон Паннета - раҳбари пешини дастгоҳи раёсати ҷумҳури собиқ Билл Клинтонро ба мақоми раиси Хадамоти Ҷосусии Амрико ва ё ЦРУ (СIA)баргузидааст. Интихоби Барак Обамаро ғайримуқаррарӣ хондаанд, зеро Леон Паннета дар соҳаи хадамоти ҷосусиву иттилоъотӣ таҷрибае надорад. Леон Паннета дар гузашта мудири Дафтари коргузорӣ ва буҷаи Амрико ва ҳамчунин сенатори собиқадор аз аёлати Калифорния буд. Леон Паннета узви гурӯҳи таҳқиқоти умури сиёсати Амрико дар Ироқ низ буд, ки соли 2006 даҳҳо тавсияҳо дод, то ҳукумати Ҷорҷ Буш сиёсаташ дар Ироқро тағйир диҳад. Танҳо дар сурати пазируфтани номзадии Леон Паннета аз тарафи вакилони амрикоӣ ӯ ба мақоми пешниҳодӣ таъйин мешавад.
XS
SM
MD
LG