Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Фарзандони Ироқ" тобеъи ҳукумат шуданд


Низомиёни Амрико мегӯянд, ҳудуди 9 ҳазор шибҳанизомиёни суннимазҳаб аз вилояти Диёлои Ироқ, ки дар ҷанг ба зидди Ал-қоида ба онҳо кӯмак карданд, аз ин пас аз ҳукумати Ироқ музди кор мегиранд. Дар баёнияи расмии артиши Амрико омадааст, гурӯҳи мавсум ба “Фарзандони Ироқ” ҳамчунон дар таъмини амнияту субот дар ин кишвар кӯмак хоҳад кард. Ин гурӯҳи иборат аз аъзои қабилаҳои суннимазҳаб, ки қаблан дар сафи шӯришиёни Ироқ буданд, моҳи сентябри соли 2006 ба нерӯҳои Амрико пайваста ба зидди Ал-Қоида ҷангиданд. Нақши ин гурӯҳро дар коҳиши хушунат дар Ироқ баъди нимаи дуввуми соли 2007 бисёр зиёд медонанд. То кунун “Фарзандони Ироқ” – ро давлати Амрико музди кор медод.
XS
SM
MD
LG