Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо Шуҷоъияро ба ларза даровард


Нерӯҳои Исроилӣ имрӯз дар шаҳри Ғазза бо аъзои созмони Ҳамос ҷангиданд, ҳарчанд ҷомеаи байналмилал ҳарду тарафро ба созиши оташбас даъват кардааст. Бо фаро расидани торикӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ бино ба гузоришҳо маҳаллаҳои шаҳри Шуҷоъияро садои таркишу, тирандозиҳои зиёд ба ларза овард. Дар ҳоле ки Исроил амалиёташ дар Ғаззаро тақвият додааст, вазири умури хориҷа Тзипӣ Ливнӣ гуфт, Исроил бо террор, ки ишорае ба созмони Ҳамос аст, тавофуқ нахоҳад кард. Дар айни ҳол Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, созмони Ҳамос бояд қавл диҳад, ки партоби мушак ба Исроилро хотима медиҳад. Мақомоти беҳдоштии Фаластиниён мегӯянд, ки дар ҷараёни юриши бештар аз даҳрӯзаи Исроил ба Навори Ғазза 550 фаластиниён аз ҷумла занону кӯдакон ҳалок шудаанд. Панҷ исроилӣ ҳам дар ҷараёни ин муноқиша ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG