Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон се "ҷосуси амрикоӣ"-ро эъдом карданд


Тундравҳои Толибон дар минтақаи қабиланишини Покистон дар наздикии марз бо Афғонистон 3 нафарро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико эъдом кардаанд. Дар ёддоште, ки дар канори ҷасадҳо пайдо шудааст, гуфта мешавад, ки "онҳо барои ҷосусӣ ба нафъи нируҳои Амрико дар Афғонистон" муттаҳам шудаанд. Тундравҳо даҳҳо нафар аз афроди қабоили маҳаллӣ ва паноҳҷуёни афғонро ба ҷурми ҷосусӣ, ба вижа барои ҳукумати Покистон ё нируҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон куштаанд. Хушунат дар манотиқи қабиланишини Покистон густариш ёфтааст ва гуфта мешавад, аз замони шикасти режими Толибон дар Кобул садҳо нафар афроди Толибону Ал Қоъида дар ин манотиқ паноҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG