Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегуяд, бастани дафтари Ширин Ибодӣ қонунист


Эрон мегуяд, бастани дафтари Ширин Ибодӣ-барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва фаъоли ҳуқуқи башар қонунист ва мақомот амнияти вайро таъмин мекунанд, агар вай ба он ниёз дошта бошад. Дафтари гуруҳи ҳуқуқи башари Ширин Ибодӣ 21-уми декабр ба баҳонаи надоштани муҷаввизи фаъолият баста шуд. Ҳафтаи гузашта тазоҳуркунандагон дар назди хона ва дафтари хонум Ибодӣ ҷамъ шуданд ва вайро муттаҳам карданд, ки бо Исроил ҳамдил аст. Бан Ки-мун-Дабири Кулли СММ аз гузоришҳо дар бораи таҳқири хонум Ибодӣ изҳори нигаронӣ кард ва аз Теҳрон хост, ки амнияти вайро таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG