Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъқиби вебнависон афзоиш ёфтааст


Дар гузориши Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон гуфта шудааст, аксари журналистони зиндонӣ дар кишварҳои ҷаҳон хабарнигорони расонаҳои хабарии интернетӣ ҳастанд. Яъне, афроде, ки барои сомонаҳои интернетии хабаргузориҳо ва блогҳо мавод таҳия мекардаанд.

Ба навиштаи ин гузориш, сар аз соли 1997 ба ин сӯ, ки Кумитаи амрикоии дифоъ аз журналистон нахустин мавриди зиндонӣ шудани нависандаи матолиб барои расонаҳои интернетиро сабт карда буд, шумораи инчунин хабарнигорони зиндонӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ва дар соли гузаштаи 2008 шумораи вебнависҳои зиндонӣ аз шумораи хабарнигорони зиндонии хабаргузориҳои дигари мисли радиову телевизион ва матбуот бештар шуда, ва ба 56 нафар расидааст, дар ҳоле ки шумораи хабарнигорони зиндонии телевизиону радио ва матбуот 53 нафар аст.

Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон таҳқиқ кардааст, ки шумораи хабарнигорони мустақили зиндонишуда, ки дар сомонаҳои интернетӣ матлаб нашр мекардаанд, аз ду соли пеш 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи ин гузориш ,ҷурми маъмуле, ки дар муқобили хабарнигорон истифода мекардаанд, ифшои сирри давлатӣ ва амалкардҳое хилофи манфиатҳои миллӣ будааст. Дар зимн, 59 дарсади хабарнигорони вебнавис бо ҳамин ҷурм зиндонӣ шудаанд, бештарини онҳо дар Чин ва Куба будаанд.

Ба қавли Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон, дар муқобили 13 дарсади хабарнигорони маҳкумшуда аслан ҷурми расмие эълон нашуда ва муддати тӯлонӣ бе эъломи айб дар зиндонҳо хобидаанд. Аз инчунин усул, менависад гузориш, дар Эритрия, Исроил, Эрон, ИМА ва Ӯзбакистон бештар кор мегирифтаанд. Ҳамзамон, Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон ин кишварҳоро аз шумори кишварҳое ном мебарад, ки дар онҳо аз ҳама бештар хабарнигорон таъқиб мешудаанд.

Дар гузориши Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон аз Тоҷикистон ба унвони кишвари таъқибгари хабарнигорон ва ба вижа хабарнигорони мустақили вебнавис номбар нашудааст. Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани милии расонаҳои хабарии мустақил мегӯяд, худсонсурии хабарнигорон иллати аслии нашр нашудани матолиби зиёди интиқодомез дар сомонаҳои интернетии Тоҷикистон будааст. Иллати зуҳури инчунин худсонсурӣ миёни хабарнигорони мустақил ва расонаҳои хабарии интернетӣ дар Тоҷикистонро, Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, дар назорати шадиди ҳукумат ба сомонаҳои интернетӣ, шумораи ками хабарнигорони интернетӣ ва дастрасии нокифояи мардум ба интернет унвон мекунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG