Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил:Амалиёти Ғаза бахше аз амалиёти давомдор аст


Тзипӣ Ливнӣ-вазири хориҷаи Исроил амалиёти кишвараш дар Навори Ғазаро бахше аз "муборизаи тулонӣ" бар зидди террору тундгароӣ дар минтақа арзёбӣ кард. Хонум Ливнӣ гуфт:

"Ман бовар дорам, ки мо ҳама бахше аз эътилофи зидди террор ҳастем ва ба он чӣ, ки мо дар Ғаза ба он ру ба ру мешавем, террор аст".

Хонум Ливнӣ баъд аз дидор бо ҳайати баландпояи Аврупо гуфт, Исроил талош дорад талафоти ҷонӣ ба бор наояд ва барои беҳбуди вазъи башарӣ дар Ғаза кишвараш ҳамаи "тадобири зарури"-ро андешидааст. Ин тавзеҳоти Тзипӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки амалиёти Исроил бар зидди Ҳамос даҳ руз аст давом дорад ва дар он акнун ҳудуди 520 нафар фаластинӣ кушта шудаанд. Дар миёни онҳо занону кудакон низ ҳастанд. 5 исроилӣ низ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG