Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон аз вазъи Ғаза изҳори нигаронӣ кард


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон имруз изҳороте нашр ва аз вазъи буҳронии Ғаза изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳорот омадааст, Ғаза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фоҷеъаи башарӣ дучор шавад. Давлат Назрӣ-сухангуи вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегуяд:


"Мавзуъи Ғаза низоъи Арабу Исроил ва умуман буҳрони Ховари Миёна наметавонад ҳали низомӣ дошта бошад. Аз ин дидгоҳ, вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз ҳама тарафҳои даргир даръват ба амал меорад, ки фавран ва бе ҳеҷ қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд".

Оқои Назрӣ афзуд, Тоҷикистон аз талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳали мусолиматомези ин буҳрон ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG