Пайвандҳои дастрасӣ

Қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Аштархон


Мақомоти Тоҷикистон хабари дар шаҳри Аштархони Русия гаравгон уфтодани 50 шаҳрванди ин кишварро такзиб карданд.

Давлат Назриев, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, сафорати ин кишвар дар Маскав ин қазияро бо маъмурияти роҳи оҳани шаҳри Аштархон ба миён гузошта, ба чунин хулосае расидааст, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи ҳеҷ ягон гурӯҳ дар ин шаҳр боздошт ё ба гаравгон гирифта нашудааст. Давлат Назриев бо истинод ба маъмурияти роҳи оҳани шаҳри Аштархон ва шӯъбаи милисааш гуфт, пештар 16 ҳодисаи боздошти шаҳрвандон бо асноде, ки дар онҳо мӯҳр ё акси қалбакӣ будааст, вуҷуд доштааст. Аммо онҳоро боздошт накарда, балки баъд аз гузаронидани муқаррароти қонунгузорӣ раҳо кардаанд.

Қаблан, сомонаи интернетии Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷик, як созмони дар Русия сабтиномшуда, хабар дода буд, як гурӯҳи ҷиноии муташаккил дар Аштархон 50 шаҳрванди Тоҷикистонро аз қатори Маскав -Душанбе ба баҳонаи қалбакӣ будани аснод фароварда, дар як шаҳраки атрофи ин шаҳр гаравгон нигаҳ медорад. Тибқи ин хабар, баъд аз гирифтани 25 ҳазор рублӣ ду нафари онҳоро раҳо кардаанд ва сарнавишти бақия маълум нест. Дар ин хабар омадааст, аксари аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон будаанд, ки худ корманди мақомоти амниятии Аштархон будаанд ва ё таҳти пуштибонии он фаъолият мекардаанд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷик тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ теъдоди боздоштшудагонро 12 нафар гуфт, ки ду нафар баъд аз пардохти маблағ раҳо шудаанд. Вай афзуд, ҷиҳати озод кардани ин 10 нафар сафорат ё мақомоти дигари Тоҷикистон кореро ба анҷом нарасонидаанд.

Вале Муқим Зайналов, ки дар хабари сомонаи Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷик аз чеҳраҳои аслии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ унвон мешавад, тайи як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ даъвоҳо дар бораи гаравгон гирифта шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро такзиб карда, гуфт, ин хабар бофтаи хаёлоти Каромат Шарипов аст. Вай афзуд, ин афроде, ки боздошт шудаанд, дар аснодашон мӯҳри қалбакии Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷикро доранд: «Ин ҷо даҳ нафар ҳастанд. Дар хонаи мо. Онҳоро касе кор надорад. Ҳар рӯз дар шаҳр мегарданд, бозор, дискотека».

Оқои Зайналов гуфт, худи ӯ як тарҷумон дар шӯъбаи милисаи роҳи оҳан аст. Вай афзуд, афроди боздоштшуда мавриди бозрасии мақомоти додситонӣ қарор хоҳанд гирифт, ки баъд аз ҳукми додгоҳи Аштархон ва пардохти ҷаримапулӣ озод хоҳанд шуд.

Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирини кории тоҷик боздошти шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз қатори Тоҷикистон фароварда шудаанд, на Русия, боз дар он арзёбӣ мекунад, ки дар хонаи як шахс нигаҳ доштани онҳо низ ғайримантиқӣ аст ва ишора ба ҷиноят мекунад.

Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, барои дурусттар расидагӣ кардан ба ин қазия ду корманди хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз Маскав озими Аштархон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG