Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи гоз дар Тоҷикистон боло меравад


Бино ба хабарҳои матбуъотӣ, аз моҳи январи соли ҷорӣ барои истеъмолкунандагон нархи гоз дар Тоҷикистон боло меравад. Интизор меравад, ки вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дар ин бора қатъномае содир кунад. Бино ба маълумоти муқаддамотии ширкати Тоҷикгоз, аҳолӣ барои истифодаи ҳар ҳазор метри муккааб гоз 294 доллар пардохт мекунад. Соли 2008 барои ин миқдор гоз аҳолӣ 198 доллар пардохт мекард, зеро Узбакистон гози худро бо нархи арзонтар, яъне 145 доллар барои ҳар ҳазор метри муккааб ба Тоҷикистон мефурухт. Ҳоло ин нарх ба 240 доллар расидааст
XS
SM
MD
LG