Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд мегуяд, далелҳои ҳамларо ба Покистон супурдааст


Имруз Ҳиндустон далоилеро ба Покистон пешниҳод кардааст, ки мегуяд, тундравҳое, ки дар моҳи ноябр ба Мумбай ҳамла бурданд, ба "аносире" дар Покистон иртибот доранд. Ҳиндустон тундрвҳои мустақар дар Покистонро барои ин ҳамла муттаҳам медонад, вале Покистон ин иттиҳомотро қабул надорад ва далел мехоҳад. Вазорати хориҷаи Ҳиндустон мегуяд, кишвараш далоилро, ба шумули эътирофоти як террористи боздоштшуда ва ҷузъиёти иртиботи "аносире"-ро дар Покистон, пешкаш кардааст. Пранаб Мукҳерҷӣ-вазири хориҷаи Ҳинд мегуяд:

"Мо имруз дар бораи иртиботи террористҳо бо аносире дар Покистон далелҳоеро ба Покистон супурдем, далелҳоро дар бораи ирнтиботи террористҳое, ки 26-уми ноябри соли 2008 ба Мумбай ҳамла карда буданд".

Оқои Мукҳерҷӣ афзудааст, вай ҳамчунин дар ин бора ба кишварҳои дусти Ҳиндустон хабар додааст ва ба ҳамтоёни хориҷиаш нома навиштааст. Ҳиндустон дар ҳоле ин далоилро ба Покистон супурдааст, ки Ричард Боучер-муовини вазири хориҷаи Амрико барои дидор ва гуфтугу бо мақомоти аршади ҳукумати Покистон вориди Исломобод шудааст.

XS
SM
MD
LG