Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила Афғонистону Покистонро такон дод


Зилзилаи шадид манотиқи шимоли шарқи Афғонистон ва Покистонро такон додааст. Маркази таҳқиқоти ҷуғрофиёии Амрико гуфтааст, дар маркази ин зилзила тақрибан дар 275 киломертии Кобул дар наздикии марз бо Покистон шиддати зилзила 6 дараҷаи ҷадвали риштерро ташкил додааст. Сокинони Исломобод низ заминларзаро эҳсос скарданд. Онҳо аз бими фуру рехтани хонаҳо дар лаҳзаҳои зилзила ба берун фирор карданд. Дар бораи талафот ё харобиҳои зилзила гузориш дода нашудааст. Сокинони баъзе аз манотиқи Тоҷикистон низ ин зилзиларо эҳсос кардаанд.

XS
SM
MD
LG