Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2008


Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи «Регар» ТадАЗ
Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи «Регар» ТадАЗ

Федеросиюни футболи Тоҷикистон беҳтаринҳоро дар соли 2008 эълом кард.

Хуршед Маҳмудов, узви дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, беҳтарин бозигари сол эътироф шуд.

Насим Баротов аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд беҳтарин дарвозабон, Эраҷ Раҷабов аз «Динамо»-и Душанбе беҳтарин ҳимоятгар, Юсуф Рабиев аз «Хуҷанд» беҳтарин нимҳимоятгар ва Сӯҳроб Ҳамидов аз дастаи «Энергетик»-и Душанбе беҳтарин ҳамлагар дониста шуданд.

Нӯъмон Ҳакимов аз дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон гардид. Вай 30 гол ба самар расондааст.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ – барандаи Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва қаҳрамони Тоҷикистон - беҳтарин мураббии сол эълом шуд.

Бахтиёр Ҳакимов аз шаҳри Истаравшан беҳтарин мураббии футболи кӯдакону наврасон эътироф гашт.

Рустам Холов аз шаҳри Душанбе беҳтарин довар дониста шуд.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон, инчунин, беҳтаринҳоро дар риштаи футзал эълом кард.

Шероз Ҷумъаев аз дастаи футзали «Вавилон»-и Душанбе беҳтарин бозигари сол ва мураббии ин даста Анвар Мирзоев беҳтарин мураббии сол эътироф шуданд.
XS
SM
MD
LG