Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоишгоҳҳо дар бозорҳои марзӣ


Дар бозорҳои марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон озмоишгоҳҳои ташхиси маводи истеъмолӣ таъсис меёбанд, ки ҳадафашон ҷилавгирӣ аз содироту воридоти маводи хўрокаи пастсифат ва зараровар барои саломатӣ арзёбӣ мешавад.

Сардори раёсати стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои Бадахшон Пайшанбе Абутробов изҳор дошт, ба ин мақсад «Тоҷикстандарт» ба маблағи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти махсусро дар ихтиёри раёсат қарор додааст. Вай гуфт, ин озмоишгоҳҳо дар бозорҳои марзӣ, воқеъ дар маҳалҳои Рузвайи Дарвоз, Теми Хоруғ ва Ишкошим гузошта шуда, дар нуқтаҳои савдои навоҳӣ низ дар мавриди ташхиси сифати маводи хӯрокворӣ аз ин имконоти фаннӣ истифода хоҳад шуд. Сардори шўъбаи ташхиси маводи хурокаи раёсат Булбулназар Имомназаров гуфт, таи соли гузашта дар озмоишгоҳи раёсат 424 намунаи маҳсулоти хўрокворӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ фурўхта мешавад, ташхис шуда, зиёда аз 20 намунаи маҳсулот ба сабаби ба талаботи стандартӣ ҷавобгў набудан аз лиҳози сифат аз муомилот бароварда шудаанд.

Ба гуфтаи масъулини раёсати гумруки вилоят, ба дунболи як қарори ҳукумати ҷумҳурӣ марбут ба соддагардонии тиҷорати байнирмарзӣ, номгўи молу коло ба шумули маводи хӯрокаи содиротӣ ва воридотӣ дар бозорҳои марзӣ афзудааст. Юсуфбек Мамадризобеков, як сокини маҳалли Тем мегўяд, доду гирифт дар бозори марзии ин ҷо дар авҷ буда, аз ҳар ду ҷониб талабот ба молу маводи мавриди ниёз эҳсос мешавад. Вай гуфт, агар талаботи сокинони деҳоти марзии кишвари ҳамсоя дар фасли зимистон ба орд ва маҳсулотӣ қаннодӣ афзуда, онҳо барои дарёфташон ба бозори марзӣ рў оваранд, тоҷирони кишвари ҳамсоя бо истифода аз мавқеъияти ҳамҷаворӣ бо Покистон ва Эрон бархе аз навъҳои маводҳои истеъмолӣ ба мисли биринҷу чой ва кишмишро бо нархи арзонтар ба фурўш мебароранд. Вай афзуд, аммо бинобар мушкилоти нақлиётӣ дар маҳаллоти марзии кишвари ҳамҷавор дар бархе аз маворид маҳсулот бо улоғ кашонда мешавад, ки ин усули интиқоли мол ба сифати он бетаъсир намемонад.

Алҳол, дар минтақаи Бадахшон се бозори марзӣ кор мекунанд ва мақомоти вилоятӣ мегўяд, пас аз чанде чунин бозорҳо дар ноҳияи Ванҷ ва маҳалли Лангари Ишкошим фаъъол хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG