Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмак хост


Давлати Русия аз Иттиҳодияи Аврупо хост, то ҷараёни интиқоли гази содиротиаш аз тариқи қаламрави Укроин ба кишварҳои узви иттиҳодияро назорат кунад. Чаро ки ба гуфтаи ширкати давлатии “Газпром”, Укроин дар зарфи бештар аз як шабонарӯзи гузашта 25 миллион метри мукааб гази пешбинишуда барои кишварҳои аврупоиро дуздидааст. Айни ҳол Укроин аз Газпром хостааст, ба гуфтаи Укроин “дасткории фаннии ҳаҷму роҳҳои интиқоли газро” хотима диҳад. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки ҷанҷол бар сари содироти газ масъалаи дуҷонибаи Русия ва Укроин аст ва бояд ҳарду кишвар онро ҳал кунанд. Русия ва Укроин дар мавриди қимати гази фурӯши ихтилофи назар доданд. Баъди коҳиши интиқоли гази Русия ба Укроин, интиқоли он ба чанд кишвари Аврупо ҳам кам шудааст.
XS
SM
MD
LG