Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳзанҳои Сомалиро боздошт кардаанд


Сарбозони Фаронса имрӯз ба ёрии ду киштии борбар шитофта ва онҳоро аз чанги 19 роҳзани баҳрӣ аз Сомалӣ халос кардаанд. Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса гуфт, киштии ҷангӣ, ки дар итоати нерӯҳои баҳрии Иттиҳодияи Аврупо барои муқобила бо роҳзанҳост, нагузоштааст, то роҳзанҳо киштиҳои Хорватия ва Панамаро гаравгон бигиранд. Роҳзанҳои боздоштшударо ба мақомоти расмии Сомалӣ супурдаанд. Се рӯз пештар аз ин маллоҳони як киштии ҷангии дигари Фаронса, ҳашт роҳзани Сомалиро боздошт кард, ки мехостаанд, сафинаи дигаре аз Панамаро тороҷ кунанд.
XS
SM
MD
LG