Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавқеъгирии Исроил дар ду самти Ғазза


Нерӯҳои заминӣ ва тонку тӯпҳои Исроил ба дохилтари Навори Ғазза ҳаракат карда ва онро ба ду бахш тақсим намудаанд. Сарбозони Исроилӣ бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоиву заминӣ ва баҳрӣ дар ду тарафи Шаҳри Ғазза ва дар имтидоди як роҳи азими пайвасткунандаи шарқу ғарби он камин гирифтанд. Вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак гуфт, ин амалиёти осону зуд нахоҳад буд: "Амалиёти заминӣ онгуна, ки тарҳрезӣ шуда буд, дуруст пеш меравад. Онгуна ки мо гуфтем, он амалиёти содда ва кӯтоҳ нахоҳад буд ва мо амалиётро ба тавре ки зарур аст, вусъат медиҳем." Ба гуфтаи мақомоти фаластинӣ, аз замони шурӯъи амалиёти заминии нерӯҳои Исроил ба Навори Ғазза дар шаби шанбе бештар аз 50 фаластинӣ кушта шудаанд. Артиши Исроил мегӯяд, ки дар ин ҷангҳо як сарбозаш ҳалок ва 30 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Аз оғози амалиёти Исроил дар Навори Ғазза дар як ҳафтаи пеш то кунун 500 нафар фаластинӣ ҳалок ва ҳудуди 2 500 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар натиҷаи мушакандозиҳои Ҳамос ба қаламрави Исроил чаҳор исроилӣ ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG