Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати Аврупо озими Ховари Миёна шуд


Як ҳайъати расмии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз вориди Ховари Миёна мешавад,то роҳи ҳаллеро ҷиҳати хотима додан ба бӯҳрон дар Навори Ғазза пайдо кунад. Ин ҳайъат гуфтааст, барои ҳосил намудани созиши оташбас дар миёни тарафҳои даргир мубориза хоҳад кард. Русия низ Александр Салтанов - намояндаи хоси худ дар умури Ховари Миёнаро, ба ин минтақа фиристодааст, то дар ҳосил кардани созиши оташбас кӯмак намояд. Дар айни ҳол Шимон Перес - раиси ҷумҳури Исроил имкони созиши оташбасро рад карда, вале гуфтааст, кишвараш нияти ишғоли Навори Ғаззаро надорад. Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки бӯҳрони башарӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ бадтар мешавад.
XS
SM
MD
LG