Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибонро аз мавқеъҳои калидӣ хориҷ намуданд


Британия мегӯяд, ки дар ҷараёни ҳамлаи 18-рӯзааш Толибонро аз чор мавқеи калидӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон хориҷ намудааст.
Вазорати мудофиаи Британия изҳор намуд, ки дар амалиёти канори минтақаи Ноди Алӣ 100 толиби силоҳбадаст ва 5 сарбози британиявӣ кушта шуданд. Ҳадаф аз амалиёт беҳбуди амният дар маркази вилоят шаҳри Лашкаргоҳ будааст. Дар ин амалиёт ҳамроҳ бо сарбозони артиши Афғонистон 1500 низомии Британия ва сарбозони даниявӣ ва эстониявии нерӯҳои байналмилалии кумаки амнияти ба Афғонистон, ки таҳти сарварии паймони НАТО қарор доранд, ширкат варзидаанд.
XS
SM
MD
LG