Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон: "Покистон дар ҳамлаи Мумбай нақш дорад"


Имрӯз вазири корҳои дохилии Ҳиндустон Раланиаппан Чидамбарам изҳор намуд, ки бе дастгирии ҳукумати Покистон ҳамлаи террористӣ болои шаҳри Мумбай имкони иҷро надошт.

Дар сӯҳбат бо шабакаи НДТВ Чидамбарам гуфт, ҳамлаи террористии моҳи ноябр болои Мумбай, ки ҳаёти камаш 173 касро аз байн бурд, аз тарафи гурӯҳи Лашкари Таййибаи мустақар дар Покистон амалӣ шуда, дар он ниҳодҳои давлатии Покистон нақш доштаанд.

Вазири корҳои дохилии Ҳиндустон раддияҳои Покистонро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, тарзи татбиқи ин ҳамлаи террористӣ нишон медиҳад, ки дар он "баъзе ҳунармандони давлатӣ"-и Покистон саҳм доранд.

Ҳиндустон аз Покистон таслими ба истилоҳ "ҷинояткорон"-и сарпарасти ҳамларо талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG