Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи бомбгузори маргталаб ба Козимияи Ироқ


Имрӯз як бомбгузори маргталаб дар минтақаи Козимияи шимолу ғарби Бағдод болои макони муқаддаси мусулмонони шиамазҳаб ҳамла карда, камаш 30 нафарро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳодиса 40 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. таркиш дар даромадгоҳи мазори Имом Мусои Козимия ба вуқӯъ пайваст, ки маҳаллаи шианишини Бағдод ба шумор меравад.

Бомбгузорӣ дар ҳоле ба омал омадааст, ки мусулмонони шиамазҳаб ба маросими Ашуро, яъне ёдбуди рӯзи марги Ҳусейн набераи паёмбари Ислом омодагӣ мегиранд. То ҳол касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG