Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 1300 сокини Шинҷон бо айбномаи амниятӣ


Соли гузашта дар вилояти ғарбии мусулмоннишини Шинҷон мақомоти Чин наздик ба 1300 нафарро бо айбномаи терроризм, ифротгароии динӣ ва дигар иттиҳомоти амниятӣ ба ҳабс гирифтанд. Нашрияи идораи додситонии ин кишвар навиштааст, ки ҳабсҳо дар чорчӯби таъмини "назми иҷтимоӣ" ба амал омаданд, ки аз тарафи ҳукумат дар соли бозиҳои олимпии Пекин ҳамчун чорабинии дорои авлавият арзёбӣ мешуд. Дар арафаи бозиҳои оилмпии моҳи август дар Шинҷон як мавҷи хушунат ба қайд гирифта шуд. Расонаҳои давлатии Чин ҷудоихоҳони уйғурро масъули нооромиҳо номидаанд. Нашрияи ёдшуда таъкид кардааст, ки дар 11 моҳи соли 2008-ум 1295 кас ба иттиҳоми таҳдид ба амнияти давлатӣ дастгир шуданд ва аз байни онҳо ба 1154 нафар айбнома эълон шуда, онҳо мавриди муҳокимаи додгоҳ ва ё ҷаримаи маъмурӣ қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG