Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ҷонибдори оташбас дар Ғазза аст


ИМА баҳри мувофиқати оташбас дар Ғазза талош дорад, вале мехоҳад оташбас имкон надиҳад, ки Ҳамос мушакпарронӣ ба тарафи Исроилро идома диҳад.

Сухангӯи Департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА Шон Маккормак мегӯяд, возеҳ аст, ки бояд ба зудтарин фурсат оташбас ҷорӣ шавад, вале оташбас бояд давомдор бошад ва имкон надиҳад, ки Ҳамос аз Ғазза мушакпарронӣ ба тарафи Исроилро идома диҳад. ИМА аз Исроил тақозо кардааст, ки талафоти эҳтимолӣ дар байни аҳолиии осоиштаи Ғаззаро мадди назар дошта бошад. Ба қавли Маккормак ИМА аз вазъи башарии Ғазза амиқан нигарон аст.
XS
SM
MD
LG