Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо ба Русияву Украина ҳушдор дод


Иттиҳодияи Аврупо ҳушдор додааст, ки агар беназмӣ дар содироти гази табиии Русия тавассути Украина ба Аврупо хотима наёбад, Иттиҳодияи Аврупо маҷбур мешавад, тариқи таъмини газро тағйир диҳад.

Раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо Ҷумҳурии Чех мегӯяд, ин созмон омодааст, сохтмони ду лӯлаи дигари интиқоли газ ба Аврупо Норд Стрим (Nord Stream) ва Сауз Стрим (South Stream) ё худ лӯлаи шимол ва ҷанубро суръат бахшад, ки Русияро бидуни убури қаламрави Украина ба Аврупо мепайванданд.

Ҳамчунон ин амал метавонад боиси тезонидани сохтмони лӯлаи Набуко гардад, ки содироти маводи сӯхти кишварҳои ҳавзаи баҳри Каспийро то ба Аврупо хоҳад расонд.

Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Чех Ватслав Бартушка мегӯяд, паёми Иттиҳодияи Аврупо ин аст, ки созмони ёдшуда метавонад аз Русия ҳамчун таъминкунанда ва аз Украина ҳамчун кишвари интиқолдиҳандаи газ даст кашад.

Баҳси Русияву Украина рӯи нархи газ содироти газ ба мамолики Аврупоро зери фишор қарор додааст.

XS
SM
MD
LG