Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил ба Ғазза лашкар кашид


Субҳи якшанбе баъди як ҳафта ҳамлаҳои ҳавоӣ артиши Исроил амалиёти низомӣ дар Ғаззаро шурӯъ кард. Дар аввалин бархӯрди силоҳбадастони фаластинӣ бо низомиёни Исроил беш аз 23 фаластинӣ кушта шуданд. Ҳамин тариқ шумораи талафоти фаластиниҳо дар як ҳафтаи ахир беш аз 500 нафарро ташкил медиҳад. Бар илова тахминан 2500 фаластиниии дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Исроил изҳор намуд, ки 30 сарбозаш захмӣ шудаанд. Аз ин байн табибон вазъи ду низомии исроилиро ҷиддӣ арзёбӣ кардаанд.

Сухангӯи бригадаҳои шаҳодатталабони Иззадин ал-Қассом ё худ ҷиноҳи низомии Ҳамос иброз дошт, ки нерӯҳои Исроил "ё ба асорат хоҳанд афтид ва ё ба қатл хоҳанд расид".

Бар асари мушакпаррониҳои ҷангҷӯён 4 сокини манотиқи ҷанубии Исроил ба ҳалокат расида, дигарон маҷбуранд, ки дар таҳхонаҳо ба сар баранд. Вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак мегӯяд, амалиёт бар зидди Ҳамос босуръат ва осон нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG