Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурияву Эрон вазъи Ғаззаро баҳс карданд


Рӯзи шанбе дар пойтахти Сурия раисҷумҳури ин кишвар Башор Ал-Асад бо Сайид Ҷалилӣ раиси Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон вохӯрд, то вазъи минтақаи Ғаззаро мавриди баҳс қарор диҳад.

Мақомоти Сурия ба хабарнигорони ин кишвар гуфтаанд, ки ду ҷониб ҳамчунон паёмади ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба назму суботи минтақаро арзёбӣ карданд. Сафари Ҷалилӣ ба Сурияи рӯзи ҷумъа оғоз ёфта буд. То ин замон дар пойтахти Сурия мақоми баландпояи эронӣ бо раҳбари дар ҳиҷрат қарор доштаи созмони Ҳамос Холид Машъал ва раҳбари созмони Ҷиҳоди Исломӣ Рамазон Абдуллоҳ Шаллаҳ дидору мулоқот кардааст.
XS
SM
MD
LG