Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баландпояи Толибон бори дуюм дастгир шуд


Тибқи гузоришҳои расида Покистон як мақоми баландпояи Толибонро, ки соли 2007-ум ба хотири раҳоии рӯзноманигори италиявӣ Даниэле Мастроҷакомо аз зиндони Афғонистон раҳо шуда буд, ба ҳабс гирифтааст. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки устод Муҳаммад Ёсир рӯзи панҷшанбе дар шаҳри шимолу ғарбии Пешавари Покистон дар наздикиҳои марз бо Афғонистон дастгир шуд. Дар паи фурӯпошии режими Толибон дар соли 2001-ум Ёсир муддате сухангӯи раҳбари ин ҷумбиши исломӣ Мулло Умар будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG