Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ва баҳси байни Русияву Украина


Як идда мамолики аврупоӣ, ки тавассути Украина аз Русия газ мехаранд, иброз доштаанд, ки фишор дар лӯлаҳои газ поин рафтааст.

Маскав Киевро бо дуздинаи гази аврупоиҳо муттаҳам мекунад, вале мақомоти Украина ин айбномаро қабул надоранд.

3-вуми январ Руминия, Лаҳистон, Маҷористон ва Словакия иттилоъ доданд, ки вуруди гази табиъии Русия ба ин кишварҳо, ки тариқи лӯлаҳо аз қаламрави Украина амалӣ мешавад, коҳиш ёфтааст. Дар айни замон ин кишварҳо таъкид кардаанд, ки захираи кофии газ дар ихтиёр доранду мардуми одӣ фавран аз коҳиши воридот азият нахоҳанд кашид.

Коҳиши фишор дар лӯлаи газ, ки 2-вуми январ оғоз ёфтааст, барои Иттиҳодияи Аврупо хеле ҳам нигаронкунанда аст. Зеро сарфи назар аз кафолатҳои Маскаву Киев бори дигар баҳси ду ҷумҳурии собиқ шӯравӣ ба Иттиҳодияи Аврупо сироят мекунад.

Ширкати давлатии «Газпром»-и Русия ширкати «Нафтогаз»-и Украинаро бо дуздӣ муттаҳам мекунад. Сухангӯи «Газпром» Сергей Куприянов дар ин бора гуфт: «Раҳбарони «Нафтогаз»-и Украина расман иброз доштанд, ки 21 миллион метри мукаъъаб газро аз лӯлаи убурӣ берун кашидаанд. Хуллас, ҷониби украинӣ ба таври аланиву бешармона эътироф мекунад бо рабудани газ машғул аст».

Русия изҳор намуд, ки сар аз 1-уми январ содироти газ ба Украинаро мутаваққиф кардааст ва он газе, ки аз ин ба баъд ба лӯлаҳои украинӣ содир мешавад, моли Иттиҳодияи Аврупост.

Музокироти Русияву Украина рӯи нархи газ то кунун ба натиҷае нарасидаанд. Ширкати русӣ талаб дорад, ки Украина барои 1000 метри мукаъъаб гази Русия 418 доллар пардозад. Ин дар ҳолест, ки Украина пешниҳоди қаблии Русияро, ки мехост аз ҳар ҳазор метри мукаъъаб 250 доллар ба даст орад, рад карда буд.

Украина талаб дорад, ки Русия ба хотири транзити газаш ба Аврупо бояд пули бештар пардозад.
Валентин Землянский, сухангӯи «Нафтогаз»-и Украина, таъкид кард, ки ширкати онҳо уҳдадориҳояшро пурра иҷро мекунад: «Украина тамоми масъулиятҳояш дар назди муштариёни аврупоӣ ва «Газпром»-ро иҷро менамояд. То имрӯз ҳеч мушкиле ҷой надошт. Феълан Украина 17 миллион метри мукаъъаб газро аз захираҳояш истифода бурд, ки 10 миллион метри мукаъъаб ба хотири таъмини муштариён дар Ғарб ва 7 миллион метри мукаъъаб газ барои фаъол сохтани лӯлаҳо истифода шудааст».

Олеҳ Дубина, раиси «Нафтогаз», мегӯяд, ки захираи Украина имкон медиҳад, ки кишвар 45 рӯз бидуни мушкилӣ аз газ таъмин бошад. Ӯ ҳамчунон гуфтааст, ки, агар Украина ба истифода аз гази анборҳои Русия рӯй орад, 4 моҳ аз ин навъи сӯзишворӣ таъмин хоҳад буд.

Соли 2006-ум баҳси Русияву Украина дар давоми ду-се рӯз ҳал шуд. Ҳоло Иттиҳодияи Аврупо умед дорад, ки ҷонибҳо ба зудтарин фурсат созише пайдо хоҳанд кард. Ҷумҳурии Чех, раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо, бар ин аст, ки ҳамкориҳои энергетикии Иттиҳодияи Аврупо бо ҳамсояҳояш бояд дар чорчӯби эътимод ва қобили пешбинӣ будани он сохта шаванд.
XS
SM
MD
LG