Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонҳо аз фаластиниҳои Ғазза пуштибонӣ мекунанд


Рӯзи шанбе садҳо афғони эътирозгар ба нишони ҳамраъйӣ бо мардуми фаластиниии минтақаи Ғазза дар кӯчаҳои Кобул раҳпаймоӣ намуданд. Онҳо шиорҳои "Исроил масъули ҷиноят аст ва Амрико онро пуштибонӣ мекунад!" дар даст доштанд.

Ҳамин гуна раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар шаҳри шарқии Ҷалолободи Афғонистон ва шаҳраки Чорикори шимоли Кобул низ доир шуданд. Дар он ҷо эътирозгарон СММ-ро бо хомӯшӣ дар муқобили ҳамлаҳои исроил муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG