Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон, ки тавассути Узбакистон анҷом мешуд, қатъ шудааст.

Дар ин бора мақомоти ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, иллати аслии қатъ шудани интиқоли барқ ба имзо нарасидани шартномаи убури нерӯи барқ тавассути шабакаи барқи Узбакистон мебошад. Ва мақомоти Узбакистон бо оғози соли нав транзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро ба далели ба тавофуқ нарасидан бар сари шароити интиқоли он қатъ кардаанд. Сабаби дигари қатъи интиқоли барқ эҳсоси шадиди нарасидани барқ дар худи Туркманистон будааст.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси «Барқи тоҷик», мегӯяд, баъди анҷоми таътилоти солинавӣ музокирот сари ин масъала дубора шурӯъ хоҳад шуд.

Тавофуқ бар сари интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов, руасои ҷамоҳири Тоҷикистон ва Узбакистон, дар Бишкек ҳосил шуда буд ва ҷониби Узбакистон интиқоли барқро шурӯъ кард. Тибқи тавофуқ мебоист санади интиқоли барқи Туркманистон то поёни соли 2008 имзо мешуд. Аммо то кунун маълум нест, ки имзои ин санад ба чи далел ба таъвиқ афтодааст.
Интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон дар ҳоле қатъ мешавад, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон қимати пардохт барои истифода аз нерӯи барқро 25 дарсад афзоиш додаст. Бино бар муқаррароти нав, нерӯи барқ ба шаҳрвандон 6 дирам ва барои корхонаҳои санъатӣ то 14 дирам фурӯхта мешавад. Аммо ба сурати истисно ширкати «Талко» ё корхонаи алюминиюми тоҷик, ки 34 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро масраф мекунад, бо қимати бештар аз 5 дирам харидорӣ мекунад.

Нерӯи барқе, ки аз Туркманистон ворид мешуд, аслан барои таъмини ниёзҳои корхонаи алюминиюм масраф мешуд. Ва аз барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои дохилӣ барои баровардани ниёзҳои мардум равона шуда буд. Акнун гуфта мешавад, бо пеш омадани чунин вазъе ва қатъи интиқоли барқ имкон дорад, нерӯи барқи дохилӣ бештар ба тавлиди алюминиюм равона шавад ва дар барқрасонӣ ба аҳолӣ реҷаи маҳдудтаре ҷорӣ шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, тавлидот дар ин корхона ахиран коҳиш дода шуда ва гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир интиқоли барқ аз Туркманистон таъсири чандоне ба реҷаи барқрасонӣ нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG