Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш дар маҳалли сербнишини Косово


Шаби ҷумъа дар шаҳри Митровистаи Косово ду таркиш ва эътирози хушунатомез ҷой дошт. Гирдомадагон ба нишони эътироз аз ҷароҳати як навраси серб дар бархӯрде мошинҳоро оташ зада, ба биноҳову моликияти гирду атроф зиён расонданд.

Дар яке аз таркишҳо шаш кас ҷароҳат бардоштанд.

Рӯзи шанбе полиси Митровитса гуфт, таркиши аввал дар назди як тарабхонаи маҳалли зисти сербҳо ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он ҳафт мошин осеб дидааст.

Сипас сербҳои ба ғазаб омада ду дукони албанитаборонро ба коми оташ кашидаанд. Полис меафзояд, вақте гурӯҳи сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса омад, ҷиҳози дуюми тарканда фаъол шуд.
XS
SM
MD
LG