Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳиндустон аз Покистон "эҳсоси беҳтар" хостааст


Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ изҳори умед кардааст, ки Покистон "эҳсоси беҳтар" нишон дода, "ҷинояткорони" масъули ҳамла болои шаҳри Мумбайро ба Ҳиндустон таслим хоҳад кард. Моҳи ноябр дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи силоҳбадаст дар Мумбай камаш 170 нафар ва аз ҷумла нӯҳ силоҳбадаст ба ҳалокат расиданд. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон сарвазири Ҳиндустон гуфт, ки ҳукумати зери раҳбарии ӯ ба хотири решакансозии терроризм ҳеҷ чизро дареғ нахоҳад дошт. Сингҳ аз ҳукумати нави Бангладеш дархост намуд, бо мақомоти ҳинд ҳамкорӣ намуда, дар таъқиби гурӯҳҳои ҷангҷӯи зидди Ҳиндустон, ки дар Бенгладеш паноҳгоҳ ёфтаанд, саҳм гирад.
XS
SM
MD
LG