Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ироқ бори чорум ба Эрон сафар кард


Сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бо ҳадафи мулоқот бо раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Теҳрон сафар кард.

Пешбинӣ мешавад, ки раҳбари ироқӣ бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва раҳбари рӯҳонии ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманайӣ созиши амниятиеро, ки моҳи гузашта Ироқу ИМА ба имзо расондаанд, баррасӣ мекунад. Ҳафтаи равон сафири Ироқ дар Эрон ҳамчунон гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари дурӯза масъалаҳои иқтисодӣ низ баҳс хоҳанд шуд. Ин сафари чоруми ал-Моликӣ ба Эрон дар тӯли се соли сарвазирии ӯ мебошад.
XS
SM
MD
LG