Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Содироти гази Русия ба Аврупо коҳиш меёбад


Дар ҳоле, ки ҳалли баҳси Русияву Украина рӯи нархи газ идома дорад, фишор дар лӯлаҳои гази Аврупо коҳиш меёбад.

Назар ба гузоришҳои расида фишор дар лӯлаҳое, ки гази табииро аз Русия тавассути Украина ба Романия, Маҷористон, Полша ва ё Лаҳистон, Будғористон ва Словакия интиқол медиҳанд, коҳиш ёфтааст. Дар Романия ин коҳиш ба 33% баробар будааст.

Баъд аз он, ки Русия сар аз 1-уми январ содироти газ ба Украинаро мутаваққиф кард, рӯзи ҷумъаи 2-уми январ кишварҳои аврупоӣ коҳиши содироти газ тавассути Украинаро ба қайд гирифтанд.

Ширкати давлатии Газпроми Русия Украинаро бо дуздидани газ муттаҳам мекунад. Вале ширкати давлатии НАфтогази Украина ин айбномаро қабул надорад.

Ҷумҳурии Чех, ки сарварии даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад, рӯзи душанбе дар Брусел нишасти изтирорӣ барпо хоҳад кард.

Соли 2006-ум ҳамин гуна баҳс рӯи нархи газ боиси таваққуфи содирот ба Аврупо шуда буд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон муовини раиси Газпром Александр Медведев гуфт, ширкати ёдшуда эътимод ба Украинаро аз даст дод ва ҳоло дар фикри пайдо намудани роҳи алтернативии фурӯши гази табиӣ ба Аврупо мебошад.

Русия нақша дорад ду лӯлаи нави газ ба Аврупои ғарбӣ бунёд намояд, ки ҳар ду ҳам аз хоки Украина убур накунанд.

XS
SM
MD
LG