Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба Вашингтон мекӯчад


Рӯзи ҷумъа оилаи президенти мунтахаби ИМА Барак Обама аз истироҳат дар Ҳавай ба шаҳри Чикаго баргашт, то охири ҳафтаи равон ба пойтахти ИМА кӯч бандад.
Сар аз рӯзи душанбе духтарони Обама: Малия ва Саша, таҳсил дар яке аз мактабҳои Вашингтонро оғоз мекунанд.
Рӯзи душанбе президенти мунтахаби ИМА бо вакилони мардумии ИМА машварат рӯи барномаи стимулус ё худ ангезаи фавқулодаи иқтисодии баробар бо 775 миллиард долларро шурӯъ мекунад. Обама умед дорад, ки баъди маросими савгандёдкунӣ дар таърихи 20-уми январ ӯ имкони имзои ин санади ҳаракатдиҳандаи иқтисодро пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG