Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши талафоти нерӯҳои ИМА дар Афғонистон


Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар соли 2008-ум бо бузургтарин талафоти ҷонӣ аз замони оғози амалиёти низомӣ бар зидди Толибону ал-Қоида дар Афғонистон мувоҷеҳ шуданд. Дар ҳамин ҳол шумораи қурбониҳои амрикоӣ дар Ироқ поинтарин дар шаш соли ахир будааст.

Як сомонаи интернетии мустақил менависад, соли 2007-ум дар Ироқ 904 низомии амрикоӣ ҳалок шуданд, вале дар соли 2008-ум дар ин кишвар 314 сарбози амрикоӣ ҷони худро аз даст доданд.

Ба қавли сомонаи icasualties.org соли 2008-ум дар Афғонистон 630 низомии амрикоӣ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG