Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳоти пул дар Туркманистон


Ин пулҳои туркманӣ иваз мешаванд
Ин пулҳои туркманӣ иваз мешаванд

Манат, пули миллии кишвар, 5 ҳазор маротиба ихтисор шуд. Акнун аксҳои Туркманбошӣ танҳо рӯи 500-манатӣ мондааст.

Аксҳои Сапармурод Ниёзов, сарвари пешини ин кишвар, аз рӯи аксари пулҳо бардошта шуда, бо акси чеҳраҳои таърихӣ ва фарҳангии халқи туркман иваз гардид.

Ҳукумати Туркманистон мегӯяд, ки ин ислоҳот шумориши пулро осонтар ва вазъи манатро қавитар хоҳад кард. Аммо ағлаби туркманҳо бар инанд, ки табдили пул сабаби сардаргумиҳо дар бозор ва афзоиши нархҳо хоҳад шуд.

Дар остонаи соли нави мелодӣ Бонки Марказии Туркманистон нашри нави пули миллиро муаррифӣ кард, ки аз 1-уми январи соли 2009 ба муъомилот бароварда шуда, баъзе тағйиротеро пеш меорад.

Акнун 1 манати нав ба 5 000 манати куҳна баробар хоҳад буд ва калонтарин пул, ки 500 манат аст 2 500 000 манати пешинро иваз хоҳад кард. Зимнан, ин ягона пуле хоҳад буд, ки акси раисиҷумҳури пешини кишвар Сафармурод Ниёзовро хоҳад дошт: чеҳраи Туркманбошӣ аз ҳамаи пулҳои дигар лағв гаштааст.

Туркманҳо маъоши ин моҳро бо пули нав хоҳанд гирифт, аммо пулҳои куҳна, ба монанди 5 000 ё 10 000-манатиҳо то поёни сол тадриҷан аз гардиш боз хоҳанд монд. Аз ин рӯ нархи коло то охири сол ба ду шакл навишта хоҳад шуд.

Ҳукумат ба ҳамаи бонкҳо дастур додааст, бечуну чаро пули куҳнаи дасти мардумро ба пули нав иваз кунанд. Президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар соли 2006 ба қудрат расида буд, ваъда додааст, ислоҳоти иқтисодӣ ва молиявиро пеш хоҳад бурд ва ба боз кардани кишвари аз лиҳози захираҳои энержӣ сарватманд, вале канормонда қадамҳои муайяне ниҳодааст.

Табдили пул яке аз бахшҳои ин ислоҳот ба шумор меравад, ки Қ. Бердимуҳаммадов дар моҳи апрели соли гузашта эълом дошта буд.

Ҳукумати Туркманистон дар ҳамин ҳол интизори инро дорад, ки табдили пул арзи миллиро тақвият дода, низоми саррофиро дар мамлакат ба эътидол хоҳад овард. То соли гузашта низоми саррофӣ ё табодулаи асъор дар қабзаи ҳукумат буд, ки қурби расмии пули миллиро дар байни 5 000 то 5 500 манат барои 1 доллари амрикоӣ таъин кард. Аммо чунин қурб дастраси ҳама набуд ва мардуми одӣ пули хориҷиро танҳо дар бозори сиёҳ ёфта метавонист – ва он ҳам ба қурби 24 000 манат барои 1 доллар.

Дар соли гузашта ҳукумат ба саррофии тиҷоратӣ сармоягузорӣ кард, ки сабаби коҳиши тафовути азим миёни қурби расмӣ ва ғайрирасмии пул гардид. Дар натиҷа тирамоҳи соли гузашта нархи доллар дар ҳарду бозор қариб ҳамсон гашт ва дар сатҳи 14 000 манат барои 1 доллар қарор гирифт. Акнун интизор меравад, ислоҳи пул низоми ягонаи табодули асъорро ба миён хоҳад овард. Аммо мунаққидони ҳукумат мегӯянд, тағйири манат ба иқтисодиёт ва молияи Туркманистон ягон таъсир нахоҳад дошт. Худойбердӣ Оразов, собиқ раиси Бонки Марказии Туркманистон, ба радиои Озодӣ гуфт, ки иқдоми ахир танҳо бори ғаме ба нигарониҳои мардум аз вазъи иқтисодиёт ва пасандозҳои хусусӣ хоҳад буд: «Навбатҳои дароз дар назди саррофиҳо ва афзоиши якбораи додуситад дар бозори сиёҳ нишонаи нокомии ислоҳоти пуланд. Набуди шаффофият ҳолатеро сохтааст, ки мардум намедонанд, чи воқеъа аст ва ҳукумат чи кор мекунад. Таҷрибаи талхи гузашта мардумро нигарон кардааст».

Тағйири манат ба андешаву эҳсосоти омехтаи мардум сабаб гаштааст. Бо эълони он бисёриҳо ба бозори сиёҳ шитофтанд, то манатро ба доллар ё евро табдил диҳанд. Вале бархе аз афрод шоданд, ки пули нав ҳисобу китобро осонтар мекунад. Масалан, як гулдаста дар бозори Ишқобод 1 миллион манат буд. Акнун 200 манат ва барои харид даҳҳо бандча пул дар кисаҳо зарур нест.

Вале Отагелдӣ Гараев, сокини пойтахти Туркманистон, бар ин аст, ки тағйиреро эҳсос накардааст: «Нархҳо боло нарафта, дар ҳамон сатҳ истодаанд. Ҳарчанд ки нархномаҳо ҳам ба пули куҳнаанд ва ҳам ба пули нав».

Оё тағйири пули миллӣ ба ислоҳоти амиқи молиявӣ роҳ хоҳад кушод ва ё фақат табдили коғазҳои фарсуда ба нав хоҳад буд? Ба ин суъол вақт нишон хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG